Добавить новость
Апрель 2014
Май 2014
Июнь 2014
Июль 2014
Август 2014
Сентябрь 2014
Октябрь 2014
Ноябрь 2014
Декабрь 2014
Январь 2015
Февраль 2015 Март 2015
Апрель 2015
Май 2015
Июнь 2015
Июль 2015
Август 2015
Сентябрь 2015
Октябрь 2015 Ноябрь 2015
Декабрь 2015
Январь 2016
Февраль 2016
Март 2016
Апрель 2016
Май 2016
Июнь 2016
Июль 2016 Август 2016
Сентябрь 2016
Октябрь 2016
Ноябрь 2016
Декабрь 2016
Январь 2017
Февраль 2017
Март 2017
Апрель 2017
Май 2017
Июнь 2017 Июль 2017 Август 2017
Сентябрь 2017
Октябрь 2017
Ноябрь 2017
Декабрь 2017
Январь 2018
Февраль 2018
Март 2018
Апрель 2018
Май 2018
Июнь 2018
Июль 2018
Август 2018 Сентябрь 2018 Октябрь 2018
Ноябрь 2018
Декабрь 2018 Январь 2019 Февраль 2019 Март 2019 Апрель 2019 Май 2019 Июнь 2019 Июль 2019 Август 2019 Сентябрь 2019 Октябрь 2019 Ноябрь 2019 Декабрь 2019 Январь 2020 Февраль 2020 Март 2020 Апрель 2020 Май 2020 Июнь 2020 Июль 2020 Август 2020 Сентябрь 2020 Октябрь 2020 Ноябрь 2020 Декабрь 2020 Январь 2021 Февраль 2021 Март 2021 Апрель 2021 Май 2021 Июнь 2021 Июль 2021 Август 2021 Сентябрь 2021 Октябрь 2021 Ноябрь 2021 Декабрь 2021 Январь 2022 Февраль 2022 Март 2022 Апрель 2022 Май 2022 Июнь 2022 Июль 2022 Август 2022 Сентябрь 2022 Октябрь 2022 Ноябрь 2022 Декабрь 2022 Январь 2023 Февраль 2023 Март 2023 Апрель 2023 Май 2023 Июнь 2023 Июль 2023 Август 2023 Сентябрь 2023 Октябрь 2023 Ноябрь 2023 Декабрь 2023 Январь 2024 Февраль 2024 Март 2024 Апрель 2024 Май 2024 Июнь 2024 Июль 2024 Август 2024 Сентябрь 2024 Октябрь 2024 Ноябрь 2024 Декабрь 2024 Январь 2025 Февраль 2025 Март 2025 Апрель 2025 Май 2025 Июнь 2025 Июль 2025 Август 2025 Сентябрь 2025 Октябрь 2025 Ноябрь 2025 Декабрь 2025 Январь 2026 Февраль 2026 Март 2026 Апрель 2026 Май 2026
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31

Поиск города

Ничего не найдено

Генплан ва баҳси биноҳои қадимиву нави Душанбе дар мизи гирди Радиои Озодӣ. ВИДЕО

0 30
Дар шаҳри Душанбе тахриби биноҳое, ки дар солҳои бистум ва сиюми асри гузашта сохта шудаанд, идома дорад. Баъзе аз сокинону муаррихон ба зидди вайрон кардани биноҳои қадимӣ ҳастанд ва мегӯянд, ҳудуди пойтахт аз ҳисоби заминҳои атроф васеъ карда шавад. Мақомот ба ин назаранд, ки зарфияти биноҳои куҳна кайҳо ба поён расидааст ва бояд дар ҷойи онҳо биноҳои бисёртабақа сохта шавад. Радиои Озодӣ Ғафур Шерматов, кишваршиноси тоҷик ва тарафдори мондани биноҳои куҳна дар Душанбе ва Вячеслав Юлдошев, узви шӯрои шаҳрсозони Душанбе ва аз ҷонибдорони вайрон кардани биноҳои куҳнаро ба сари як миз даъват кард.


Радиои Озодӣ: Дар барнома масъалаи вайрон кардани биноҳои қадимӣ ё куҳнаро дар Душанбе баррасӣ мекунем. Ахиран дар назди Театри опера ва балети Тоҷикистон ба вайрон кардани як бинои чаҳортабақа оғоз карданд. Ҷаноби Шерматов, ин тасмимро дуруст меҳисобед?


Ғафур Шерматов: Ҳоло дар Душанбе кӯчаҳои қадимӣ намондаанд. Мо маркази таърихии шаҳрро аз даст медиҳем. Дуруст аст, ки хиёбонҳо мемонанд, аммо бинову ҳавлиҳои қадимӣ аз байн бурда мешаванд. Ҳатто дарахтҳои қадимӣ бурида шудаанд. Барои чӣ мардуми тамоми ҷаҳон мехоҳанд ба Париж сафар кунанд? Онҳо мехоҳанд, кӯчаҳои қадимии ин шаҳрро бинанд. Зеро дар ин шаҳр биноҳо аз қарни 13 мондааст. Барои чӣ мардум ба Прага мераванд? Зеро, мехоҳанд шаҳри қадимиро бубинанд. Агар мо ҳадаф дорем, ки сайёҳиро рушд диҳем, бояд кӯчаҳои қадимии Душанберо ҳифз кунем.


Радиои Озодӣ: Аммо мегӯянд, Душанбе шаҳри ҷавон аст ва бояд зеботар шавад...


Ғафур Шерматов: Бо чунин иддао розӣ нестам. Дар солҳои 60-уми қарни гузашта мо метавонистем Душанберо ҷавон номем, аммо на ҳоло. Ин шаҳр таърихи бой дорад. Онро метавон таърихи эҳёи давлатдории тоҷикон ҳам номид. Ҳодисаҳое, ки 90 сол қабл рух доданд, таърих аст дигар. Сокинони Душанбе дуруст даъво мекунанд, ки ба фарзандону набераҳои худ таърихи шаҳрро дар чӣ мисоле нишон медиҳанд? Ҳатто, бигирем ҳамон бинои “Деҳқон”-ро. Дар ин бино нахустин эъломияи ташкили ҷумҳурии шӯравии сотсиалистӣ эълон шуд ва сипас дар ин ҷо театри ба номи Маяковский ҷойгузин шуд. Бале, бино қадимиву фарсуда буд, аммо таърихӣ буд. Барои чӣ Кохи Сафед дар Амрико тӯли чанд аср побарҷост? Танҳо ба хотири бинои таърихӣ буданаш.


Радиои Озодӣ: Ҷаноби Юлдошев, дар Интернет бештаре аз сокинон аз тахриби биноҳо дар Душанбе изҳори нигаронӣ мекунанд. Назари Шумо чӣ аст?


Вячеслав Юлдошев: Нахуст, Душанбе шаҳри осорхона нест. Ҳоло ин шаҳр ҳатто 100-сола нашудааст. Бори панҷум тахриби биноҳо дар Душанбе сурат мегирад. Чаро дар бораи маъракаи аввали тахриби биноҳо ҳарфе намезанед, ки баъд аз инқилоби Октябр сурат гирифтааст? Тибқи “Генплан” нақшаи дақиқи сохтмони маркази шаҳр тарҳрезӣ шудааст. “Генплан”-и охирин, ки дар поёни солҳои 80-ум ба тасвиб расид, тақрибан ба куллӣ иҷро нашуд, зеро Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрд ва дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ сар зад.


Видеои мизи гирдро дар ин ҷо бинед:




Радиои Озодӣ: Бар асоси "Генплан"-и нав қарор аст кадом биноҳои таърихӣ кӯчонда шаванд? Кадоме бояд бимонанд? 


Вячеслав Юлдошев: "Генплан"-и охирин аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон соли 2017 тасвиб карда шуд. Тибқи ин нақша бинои театри опера ва балет, бинои сетабақа дар майдони 800-солагии Маскав, бинои Вазорати фарҳанг, як бино миёни Вазорати фарҳанг ва майдони 800-солагии Маскав тахриб намешаванд. Бинои китобхонаи собиқи ба номи Фирдавсӣ, бинои телевизиони “Сафина”, дармонгоҳи рақами як баъд аз бозсозӣ ҳифз карда мешаванд.


Радиои Озодӣ: Бинои чойхонаи “Роҳат” чӣ?


Вячеслав Юлдошев: Дар рӯйхати ман бинои чойхонаи “Роҳат” нест. Ман ба ин назарам, ки ин бино ба унвони чойхонаи беназир бояд тахриб карда нашавад. Ин беҳтарин бинои чойхона дар ҷаҳон аст.


Радиои Озодӣ: Дар бораи ояндаи биноҳои куҳнаи истиқоматӣ метавонед рӯшанӣ андозед?


Вячеслав Юлдошев: Дар кӯчаҳои Бухоро, Турсунзода, Лоҳутӣ, Айнӣ ва хиёбони Рӯдакӣ масъала рӯшан аст. Дар ин кӯчаҳо биноҳои бисёрошёна сохта мешаванд. Бештаре аз биноҳо дар ин кӯчаҳо фарсудаву пӯсида ҳастанд.


Радиои Озодӣ: Ҷаноби Шерматов, Вячеслав Юлдошев мегӯянд, бештаре аз биноҳои тахрибшаванда пӯсидаву фарсуда ҳастанд. Бо ин назар мувофиқед?


Ғафур Шерматов: Комилан розӣ нестам. Баъд аз ҷанги дувуми ҷаҳон дар Ҳамбури Олмон ва шаҳрҳои дигари ин кишвар мақомоти Амрико ба мардум пул медод, ки биноҳои тахрибшудаашонро эҳё кунанд. Онҳо аз хиштҳои парешон шаҳри қадимии худро эҳё карданд. Амрикоиҳо пурсиданд, ки чаро шумо чунин кор мекунед? Сокинони Ҳамбург посух доданд, ки дар акси ҳол ба наслҳои ояндаамон чиро нишон диҳем?


Радиои Озодӣ: Яъне, биноҳои тахрибшавандаро мешавад бозсозӣ кард?


Ғафур Шерматов: Бале. Аммо роҳи осонтар тахриби биноҳо ва аз байн бурдани таърих аст.


Вячеслав Юлдошев: Бозсозии чунин биноҳо аслан маъно надорад, зеро миёни табақаҳо аз чӯб бунёд шуда, онҳо аллакай пӯсидаанд. Барои бозсозии ин бино бояд комилан тахриб шуда, дар ҷойи он бинои нав сохта шавад. Ба андешаи ман, бояд осорхонаи тавсеаи шаҳри Душанбе сохта шуда, дар он ҷо марҳилаҳои мухталифи рушди пойтахти тоҷикон дар ҳаҷми бамаротиб камтар ҷой дода шавад.


Радиои Озодӣ: Ташаккур. Ҷаноби Ғафур Шерматов, биноҳои нави бисёртабақаи сохташуда дар хиёбонҳои Душанберо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?


Ғафур Шерматов: Мехостам ба ҷаноби Юлдошев ёдовар шавам, ки бо ҳеч гуна аксҳои хотиравӣ рӯҳи шаҳри қадимиро намешавад ҳифз кард. Метавон танҳо шаҳри қадимиро ҳифз кард. Агар чунин шаҳр набошад, пас, таърих ҳам намешавад. Чаро чунин биноҳои қадимӣ ҳатто дар Филаделфия ва Маскав ҳифз мешаванд?


Вячеслав Юлдошев: Бояд тазаккур диҳам, ки...


Ғафур Шерматов: Бубахшед, андешаамро пароканда накунед. Рӯшан аст, ки бозсозӣ дар хиёбони Айнии пойтахт танҳо ба хотири мақомоти убуркунанда сурат мегирад. Ҳарчанд, биноҳои тахрибшуда дар ҳолати хуб қарор доштанд.


Вячеслав Юлдошев: Иҷозат диҳед, шарҳ диҳам...


Ғафур Шерматов: Биноҳои таърихи 60-сола доранд. Ман ин биноҳоро аз назар гузаронидам, деворҳояш аз се хишт чида шудаанд. Миёни табақаҳо бетон буд, на чӯб. Бо ҳар сайёҳе сӯҳбат кунед, барояшон бисёрошёнаҳо даркор нестанд, онҳо биноҳои қадимиро дидан мехоҳанд. Маркази шаҳрҳо набояд дар ҳудуди шаҳрҳои қадимӣ тавсеа ёбанд. Шаҳри қадимӣ бояд дар ҷойи худ биистад. Дар водии Ҳисор мо замини зиёде дорем, ки метавонем дар он ҷо шаҳри нав бисозем.


Вячеслав Юлдошев: Бояд бароятон посух бидиҳам. Тоҷикистон кишвари камзамин аст. Танҳо 7 дарсади масоҳати Тоҷикистон водӣ мебошад. Ба ҷуз шаҳрҳо дар ин масоҳат бояд рустоҳо ва воҳидҳои кишоварзӣ вуҷуд дошта бошанд. Мо замини дигари изофӣ надорем. Моро зарур аст ё биноҳои баландошёна бисозем ё ин кишварро тарк кунем. Ба самти Ҳисор ё Ваҳдат, ки заминҳои ҳосилхез доранд, мо наметавонем рушд кунем. Танҳо ба самти баландошёнаҳо. Нахуст бояд биноҳои фарсудаи қадимиро тахриб созем. Боз ҳам такрор мекунам, Душанбе шаҳри осорхона нест ва онро набояд бо Ҳамбург муқоиса кунем. Беҳтар аст, Душанберо бо Бишкек муқоиса созем. Вазъи ин ду шаҳр ба ҳам монанд аст. Агар мо рушд кардан хоҳем, бояд биноҳои қадимиро тахриб созем.


Радиои Озодӣ: Ҷаноби Шерматов, далели ҳамсӯҳбататонро шунидед. Розӣ ҳастед?


Ғафур Шерматов: Ман фикри сокинони оддии Душанберо бароятон мегӯям. Онҳо аз тахриби биноҳо сахт нигаронанд. Ҳамсӯҳбати ман дар бораи тамоми шаҳр ҳарф мезанад, аммо манзури ман танҳо дар бораи 25-30 гектар замини шаҳр аст. Дар ин масоҳат аз солҳои гузашта ҳудуди 30 бино мондааст. Ҷаноби Юлдошев иддао дорад, ки дар мо замин кам аст. Пас, чаро дар хиёбони Айнӣ биноҳои сари роҳ тахриб мешаванду паси онҳо маҳаллаҳои аҳолинишин бо ҳавлиҳои қадимӣ боқӣ мемонанд? Чаро мо маҳаллаи “Южний” ё “Якум Советский”-ро тахриб намекунем? Аммо биноҳои солиме, ки дар он сокинон боз даҳсолаҳо метавонистанд зиндагӣ кунанд, вайрон мекунем? Юлдошев мегӯяд, ки нахустин тахрибҳо дар Душанбе баъд аз инқилоби октябр сурат гирифт. Охир, он вақт Душанбе аз се деҳа – Душанбе, Сари Осиё ва Шоҳмансур иборат буду бас. Аксҳои он давра вуҷуд доранд ва дар ин деҳаҳо чизе вуҷуд надошт. Ҳамчун таърихнигор аз шаҳрдорӣ хоҳиш дорам биноҳоеро ҳифз кунанд, ки заррае аз таърихи халқи тоҷикро дар худ дорад.


Вячеслав Юлдошев: Агар бовар надоред, дар бойгонӣ ҷустуҷӯ кунед ва нусхаи ризоияти муаллифро пайдо мекунед.


Ғафур Шерматов: Ҳамчун таърихшинос бори дигар мегӯям, ки ман шуморо ба унвони шаҳрсоз медонам, аммо ҳар як шаҳрсоз бояд қабл аз ҳама ба зебогиву вижагии диёраш аҳамият бидиҳад, бояд таърихи онро дарк кунад.


Вячеслав Юлдошев: Ин ҳама ҳарфҳои зебо ҳастанду халос.


Ғафур Шерматов: Ин танҳо ҳарфҳои зебо нестанд, ин суханҳои ватандӯст аст.


Вячеслав Юлдошев: Яъне, мо ватандӯст набудаем...


Ғафур Шерматов: Ман шаҳрамро дӯст медорам. Замин барои сохтмон дар мо зиёд аст, то худи рӯдхонаи Кофарниҳон метавонед бисозед.


Вячеслав Юлдошев: Кӣ ба шумо гуфт, ки дар он ҷо шаҳр намешавад, ҳатман шаҳр бунёд мешавад. Ғафур Ашӯрович, ман аз шумо дида бештар ватандӯстам, ман аз Тоҷикистон нарафтаам ва дар ҳеч шаҳре манзил нахаридаам. На дар Симферопол ва на дар Ялта. Ҳарчанд имкони муҳоҷиратро доштам.


Ғафур Шерматов: Ман ҳам ба ҳеч ҷой нарафтаам. Ман дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунам.


Вячеслав Юлдошев: Ман соли 1947 таваллуд шудаам. Дар биное, ки ман зиндагӣ мекардам, мақомоти баландпояи вақти Тоҷикистон низ манзил доштанд. Намешавад танҳо бо ёди таърих зиндагӣ кард. Мо танҳо бо либоси таҳҷоӣ наметавонем галстук баста бигардем. Ба ҳамин хотир “Генплан” амалӣ мешавад. Вақте лоиҳаи “Генплан” ба баррасии умум гузошта шуд, шумо куҷо будед, чаро эътироз накардед ва ҳоло дар ҳар ҷо ҳар чӣ менависед? Ман мефаҳмам, дилатон месӯзад, дили ман ҳам месӯзад. Дар сафҳаи интернетии шумо кор то ба моҷароҳои сиёсӣ мерасад. Дар биное, ки собиқ мағозаи “Олами кӯдакон” вуҷуд дошт, чанд хабарнигор зиндагӣ мекарданд, шумо аз он бипурсед, оё аз вазъашон розӣ ҳастанд ё не? Шумо, шахсан розӣ ҳастед?


Радиои Озодӣ: Биёед, маҷрои суҳбатро каме тағйир бидиҳем. Дар чаҳорчӯби “Генплан” дарахтони бисёрсоларо мебуранд...


Ғафур Шерматов: Дар баъзе маҳал бароям хуш меояду дар ҷойи дигар не. Ахиран аз хиёбони ба номи «Профсоюз» мегузаштам ва дидам, ки биноҳо дар наздикии ҳам сохта шуда, аз лиҳози оташнишонӣ хеле хатарноканд. Магар миёни биноҳо масофа 7-8 метр мешавад? Охир аз тирезаҳои муқобил дохили хонаи бинои дигарро мешавад назорат кард.


Вячеслав Юлдошев: Суханҳои ҳавоӣ назанед. Зеро ҳамаи биноҳо аз рӯйи меъёрҳо қабул карда мешаванд.


Ғафур Шерматов: Вақте биноҳо бо ҳам наздик сохта шудаанд ва сокинони он рӯбарӯи ҳам менишинанд, магар дуруст аст? Дар атрофи биное, ки дар канори меҳмонхонаи “Душанбе” сохтаанд, як дархате ҳам намондааст. Магар дар фасли тобистон аз он ҷо бидуни мушкилӣ гузаштан мумкин аст? Ҷаноби Юлдошев дуруст зикр карданд, ки Душанбе Сочӣ нест, иқлими шаҳри мо бадтар аст, зеро гармои шадид дорем ва ба сояи дарахтон ниёз дорем.




Все города России от А до Я

Загрузка...

Moscow.media

Читайте также

В тренде на этой неделе

Отдых с питомцами в Крыму – куда едут россияне и что с ценами

Ялта и Алушта попали в топ-10 популярных направлений для поездок с питомцами в мае

Погода 19 мая: тепло и дождливо

Жителей Симферополя клещи «любят» больше всех в Крыму

Новости Крыма



Глава Крыма Сергей Аксёнов

Частные объявления в Ялте



Загрузка...
Rss.plus


Новости последнего часа со всей страны в непрерывном режиме 24/7 — здесь и сейчас с возможностью самостоятельной быстрой публикации интересных "живых" материалов из Вашего города и региона. Все новости, как они есть — честно, оперативно, без купюр.




Ялта на Russian.city


News-Life — паблик новостей в календарном формате на основе технологичной новостной информационно-поисковой системы с элементами искусственного интеллекта, тематического отбора и возможностью мгновенной публикации авторского контента в режиме Free Public. News-Life — ваши новости сегодня и сейчас. Опубликовать свою новость в любом городе и регионе можно мгновенно — здесь.
© News-Life — оперативные новости с мест событий по всей России (ежеминутное обновление, авторский контент, мгновенная публикация) с архивом и поиском по городам и регионам при помощи современных инженерных решений и алгоритмов от NL, с использованием технологических элементов самообучающегося "искусственного интеллекта" при информационной ресурсной поддержке международной веб-группы 103news.com в партнёрстве с сайтом SportsWeek.org и проектами: "Love", News24, Ru24.pro, Russia24.pro и др.