Садама бо автобуси муҳоҷирони тоҷик ва захмӣ шудани 7 нафар
0
24
Дар натиҷаи садамаи автобуси муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон маҷрӯҳ шуда, ду тани дигар ба ҳалокат расидаанд.
Садама рӯзи 6-уми январ дар вилояти Тюмен ба вуқуъ пайвастааст ва аҳволи зани тоҷик, вазнин будааст. Ҷумъахон Раҳмонов, табиби тоҷик, ки дар ин шифохона кор мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин зан дар шӯъбаи эҳёгарӣ зери назари табибон аст.
Матбуоти Русия субҳи душанбе хабар дод, ки автобуси муҳоҷирони Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Тюмен дучори садама шудааст. Раёсати бозрасии давлатӣ дар вилояти Тюмен гуфт, ки автобуси мусофирбар дар шоҳроҳи Тюмен-Ханти-Мансийск ба мошини боркаши ISUZU бархӯрдааст. Бино ба таҳқиқоти аввалия, автобус ҳангоми гардиш пеши роҳи мошини борбарро гирифтааст.
Ба навиштаи хабаргузории давлатии ТАСС, автобус 30 мусофир дошт ва 7 нафари онҳо ҷароҳат бардошта, 2 нафари дигар кушта шуданд. Ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати бозрасии давлатӣ дар вилояти Тюмен, қурбониёни ҳодиса дар мошини борбар нишаста буданд ва яке аз онҳо сокини деҳаи Армизони вилояти Тюмен будааст.
Ҷумъахон Раҳмонов гуфт, ки аз миёни мусофирон панҷ нафар – як зану чор мард осеби сабук дидаанд ва ба ҷонашон хатаре таҳдид намекунад. Зане, ки дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дорад, Очаниссо Зокироваи 36-сола аз ноҳияи Масчоҳ будааст. Ба гуфтаи Раҳмонов, ӯ ҳамроҳи духтари дусолааш ба шаҳри Сургут мерафтааст ва “хушбахтона, кӯдак саломат ва беосеб аст.
Ӯ гуфт, ки кӯдак зери назари парасторон дар шӯъбаи кӯдаконаи беморхона ва модараш дар утоқи эҳёгарӣ аст: “Ман ӯро дидам, ҳолаташ сангини мӯътадил аст. Сараш осеби дохилӣ дидааст, вале бояд дар чанд рӯз ҳолаташ хуб шавад. Духтурҳое, ки ӯро муоина кардаанд, гуфтанд, ки барои раҳо шудан аз ҳолати сангин шонс дорад. Танҳо мегиряд, ки бо кӯдакаш чизе нашавад.”
Рустам, сокини Масчоҳ ва яке аз осебдидагон дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки автобус аз Хуҷанд ба Сургут мерафт ва дар автобус 32 нафар ва аксаран аз вилояти Суғд буданд. Ӯ гуфт, автобус пур набуд ва ронанда Акмал ном шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Ӯ афзуд, ки бо ҳадафи кор ба шаҳри Сургут мерафтаанд: “Мо ҳатто нафаҳмидем, ки чӣ шуд. Ногаҳон садама шуду, моро ба беморхона оварданд. Худоро шукр, ман ва бисёриҳо осеби сахт надиданд. Болои абрӯи ман осеб дид, тамом.”
Ҷумъахон Раҳмонов табиби шифохона гуфт, намояндагони полис дар шифохона ҳастанд ва дар бораи фалокат бо осебдидагон суҳбат карда, баёнот мегиранд. Ӯ гуфт, ки ба эҳтимоли ғолиб, шаш шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҷароҳатҳои сабук бардоштанд, ба зудӣ аз шифохона ҷавоб мешаванд, вале мумкин аст, муолиҷаи нафари ҳафтум андаке тӯл кашад.
Русия кишвари аслии муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст ва солона садҳо ҳазор нафар бинобар набуди ҷойи кор дар ватан ба он кишвар мераванд. Азбаски сафар бо автобус ба Русия дар муқоиса бо ҳавопаймо бисёр арзон аст, бисёре аз муҳоҷирон бо автобус худро ба Русия мерасонанд. Соли 2018 дар Русия беш аз 900 шаҳрванди Тоҷикистон бо сабабҳои мухталиф, аз ҷумла, дар садамаҳои автомобилӣ ҳалок шудаанд.