Добавить новость
Август 2011
Сентябрь 2011
Октябрь 2011
Ноябрь 2011
Декабрь 2011
Январь 2012
Февраль 2012
Март 2012
Апрель 2012
Май 2012
Июнь 2012
Июль 2012
Август 2012
Сентябрь 2012
Октябрь 2012 Ноябрь 2012 Декабрь 2012 Январь 2013
Февраль 2013
Март 2013
Апрель 2013
Май 2013
Июнь 2013
Июль 2013
Август 2013
Сентябрь 2013
Октябрь 2013
Ноябрь 2013
Декабрь 2013
Январь 2014
Февраль 2014
Март 2014
Апрель 2014 Май 2014
Июнь 2014
Июль 2014
Август 2014
Сентябрь 2014
Октябрь 2014
Ноябрь 2014 Декабрь 2014
Январь 2015
Февраль 2015 Март 2015
Апрель 2015
Май 2015
Июнь 2015
Июль 2015
Август 2015
Сентябрь 2015
Октябрь 2015
Ноябрь 2015
Декабрь 2015
Январь 2016
Февраль 2016
Март 2016 Апрель 2016
Май 2016
Июнь 2016
Июль 2016
Август 2016 Сентябрь 2016 Октябрь 2016 Ноябрь 2016 Декабрь 2016 Январь 2017 Февраль 2017 Март 2017
Апрель 2017
Май 2017
Июнь 2017
Июль 2017
Август 2017
Сентябрь 2017
Октябрь 2017
Ноябрь 2017
Декабрь 2017
Январь 2018
Февраль 2018
Март 2018
Апрель 2018
Май 2018 Июнь 2018 Июль 2018
Август 2018
Сентябрь 2018 Октябрь 2018 Ноябрь 2018 Декабрь 2018 Январь 2019 Февраль 2019 Март 2019 Апрель 2019 Май 2019 Июнь 2019 Июль 2019 Август 2019 Сентябрь 2019 Октябрь 2019 Ноябрь 2019 Декабрь 2019 Январь 2020 Февраль 2020 Март 2020 Апрель 2020 Май 2020 Июнь 2020 Июль 2020 Август 2020 Сентябрь 2020 Октябрь 2020 Ноябрь 2020 Декабрь 2020 Январь 2021 Февраль 2021 Март 2021 Апрель 2021 Май 2021 Июнь 2021 Июль 2021 Август 2021 Сентябрь 2021 Октябрь 2021 Ноябрь 2021 Декабрь 2021 Январь 2022 Февраль 2022 Март 2022 Апрель 2022 Май 2022 Июнь 2022 Июль 2022 Август 2022 Сентябрь 2022 Октябрь 2022 Ноябрь 2022 Декабрь 2022 Январь 2023 Февраль 2023 Март 2023 Апрель 2023 Май 2023 Июнь 2023 Июль 2023 Август 2023 Сентябрь 2023 Октябрь 2023 Ноябрь 2023 Декабрь 2023 Январь 2024 Февраль 2024 Март 2024 Апрель 2024 Май 2024 Июнь 2024 Июль 2024 Август 2024 Сентябрь 2024 Октябрь 2024 Ноябрь 2024 Декабрь 2024 Январь 2025 Февраль 2025 Март 2025 Апрель 2025 Май 2025 Июнь 2025 Июль 2025 Август 2025 Сентябрь 2025 Октябрь 2025 Ноябрь 2025 Декабрь 2025 Январь 2026 Февраль 2026 Март 2026 Апрель 2026 Май 2026 Июнь 2026 Июль 2026 Август 2026 Сентябрь 2026
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11
12
13 14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30

Поиск города

Ничего не найдено

Сомон Маҳмадбеков - қаҳрамони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни навҷавонон

0 33
Сомон Маҳмадбеков, гуштигири шинохтаи тоҷик, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни навҷавонони то 21-сола дар Марокаш дар вазни то 73 кило ғолиб шуд, бо медали тило ва 2500 доллар сарфароз гашт.


Ин паҳлавони ҷавони тоҷик рӯзи 17-уми октябр баъд аз шикаст додани чаҳор рақибаш аз Кап Верде, Қирғизистон, Белгия ва Италия ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вай дар нимфинал ба Самуэл Гасснер аз Австрия ғолиб омад ва ба финал баромад.


Гуштигири тоҷик дар қувваозмоии ниҳоӣ Георгий Елбакиевро аз Русия дар муддати 3 дақиқаю 42 сония шикаст дод ва ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт. Зимнан, Сомон Маҳмадбеков бар ҳамаи рақибонаш бо баҳогузории “иппон” пеш аз муҳлат дастболо шуд.


Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни бузургсолон, ки аз 25-уми август то 1-уми сентябри имсол дар пойтахти Ҷопон - шаҳри Токио – доир гардид, дар вазни то 73 кило аз ҳафт қувваозмоӣ дар панҷтоаш ғолиб омада, дар ду рақобат мағлуб шуд ва дар натиҷа ҷойи панҷумро касб намуд.


Ӯ соли 2017 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни навҷавонони то 21-сола, ки дар шаҳри Загреби Хорватия доир гардид, дар рақобатҳо дар вазни то 66 кило медали биринҷӣ ба даст оварда буд.


Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷики муқими Русия, феълан дар шаҳри Иркутск таҳти раҳбарии мураббиёнаш Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо тамрин мекунад. Ӯ ҳамеша дар мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.


Сомон Маҳмадбеков феълан дар раддабандии ҷаҳонӣ бо 1844 имтиёз дар ҷойи 31-ум қарор дорад. Вай мавқеашро дар раддабандии олимпӣ низ хеле беҳтар кард ва бо 1366 имтиёз дар ҷойи 22-юм мебошад.


Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни навҷавонони то 21-сола дар Марокаш дар вазни то 73 кило рӯзи панҷшанбе боз як гуштигири тоҷик – Қоим Шукронов – ширкат дошт. Вале ӯ дар даври аввал аз Сандро Чаладзе аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шикаст хӯрд.


Ду варзишгари тоҷик - Ҷамолиддин Абдуллоев ва Идибек Сафаров - дар рӯзи аввали мусобиқот - 16-уми октябр - дар вазни то 66 кило вориди рақобатҳо шуданд. Ҷамолиддин пас аз ду пирӯзӣ бар рақибонаш Абдулалӣ Ҳакика (Марокаш) ва Артҷомс Галактионовс (Латвия), дар қувваозмоии севум аз Исмоил Мисиров (Русия) мағлуб гашт. Идибек бошад, дар даври аввал аз Иво Верҳорстерт (Нидерланд) ноком шуд.


Ба иттилои торнамои расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни навҷавонони то 21-сола, ки дар Марокаш то 20-уми октябр идома меёбад, дар рақобатҳои инфиродӣ 517 варзишгар (294 мард ва 223 зан) аз 81 кишвар ширкат дорад.


Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш гуштигир шомил аст. Боз ду нафари дигар - Абубакри Акобир ва Эмомризо Анварзода (ҳарду дар вазни то 90 кг) – 18-уми октябр ба рақобат мепардозанд.


Мусобиқот аз рӯи 14 дараҷаи вазнҳо (7 вазн миёни мардон, 7 вазн миёни занонон) сурат гирифтааст, ҳамчунин қувваозмоии даставии омехта доир мегардад.


Ғолибону ҷоизадорони мусобиқот ба ҷуз аз медалу диплом бо ҷоизаҳои молӣ қадрдонӣ мешаванд: ҷойи аввал - 2500 доллари ИМА, ҷойи дувум – 1500 доллар, ҷойҳои севум – 850-долларӣ.


Ғолибону ҷоизадорони қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни навҷавонони синашон то 21-сола


Писарон


Вазни то 60 кг - 1. СИМЕОНИДИС Константин (Русия) 2. ЮСУФОВ Аҳмад (Озарбойҷон) 3. СУЕМАТСУ Кен (Ҷопон) 3. ЮЛДУЗ Солеҳ (Туркия).


Вазни то 66 кг - 1. ЛИМА Виллиам (Бразилия) 2. ТАКЕОКА Такеши (Ҷопон) 3. АЛИЕВ Иброҳим (Озарбойҷон) 3. МАРЧЕЛИНО Михаэл (Бразилия).


Вазни то 73 кг - 1. МАҲМАДБЕКОВ Сомон (Тоҷикистон) 2. ЕЛБАКИЕВ Георгий (Русия) 3. МЕЛЛА Эдоардо (Италия) 3. СТЕРПУ Виктор (Молдова).


Духтарон


Вазни то 48 кг - 1. КОГА Вакана (Ҷопон) 2. БОУКЛИ Ширине (Фаронса) 3. ҶОН Су Сонг (Кореяи Шимолӣ) 3. СТОЯДИНОВ Андреа (Сербия).


Вазни то 52 кг - 1. ЛХАГВАСУРЕН Сосорбарам (Муғулистон) 2. ХСУ Лин Хсуан (Тайбейи Чин) 3. КАВАДА Аюми (Ҷопон) 3. ПИМЕНТА Ларисса (Бразилия).


Вазни то 57 кг - 1. ЛИПАРТАЛИАНИ Этери (Гурҷистон) 2. ҲАКАМАТА Канако (Ҷопон) 3. КОРНЕЛИСС Пиеуни (Нидерланд)

3. КИМ Ҷису (Кореяи Ҷанубӣ).


Баъди натиҷагирии ду рӯзи рақобатҳои инфиродӣ миёни мардону занон дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 6 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ) мақоми аввалро касб намудааст.


Мунтахаби Русия бо касби 2 медал (1 тилло ва 1 нуқра) дар ҷойи дувум ва мунтахаби Бразилия бо касби 3 медал (1 тилло ва 2 биринҷӣ) дар ҷойи севум мебошанд.


Муғулистон бо 1 медали тилло ва як ҷойи ҳафтум дар ҷойи чаҳорум аст. Гурҷистон, Маҷористон ва Тоҷикистон, ки яктоӣ медали тилло гирифтаанд, дар ҷойгоҳи панҷум қарор доранд.




Все города России от А до Я

Загрузка...

Moscow.media

Читайте также

В тренде на этой неделе

В горах Бурятии развернули поиски пропавшей туристки

«Торпедо» уступило «ИрАэро» в Иркутске со счётом 3:4


Загрузка...
Rss.plus
Rss.plus


Новости последнего часа со всей страны в непрерывном режиме 24/7 — здесь и сейчас с возможностью самостоятельной быстрой публикации интересных "живых" материалов из Вашего города и региона. Все новости, как они есть — честно, оперативно, без купюр.




Иркутск на Russian.city


News-Life — паблик новостей в календарном формате на основе технологичной новостной информационно-поисковой системы с элементами искусственного интеллекта, тематического отбора и возможностью мгновенной публикации авторского контента в режиме Free Public. News-Life — ваши новости сегодня и сейчас. Опубликовать свою новость в любом городе и регионе можно мгновенно — здесь.
© News-Life — оперативные новости с мест событий по всей России (ежеминутное обновление, авторский контент, мгновенная публикация) с архивом и поиском по городам и регионам при помощи современных инженерных решений и алгоритмов от NL, с использованием технологических элементов самообучающегося "искусственного интеллекта" при информационной ресурсной поддержке международной веб-группы 103news.com в партнёрстве с сайтом SportsWeek.org и проектами: "Love", News24, Ru24.pro, Russia24.pro и др.